Как заказать медицинский самолет в Париже

Агар ба Шумо ҳавопаймои тиббӣ дар Порис зарур бошад, фармоиши он аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) қулай аст. Мо дар Фаронса қариб даҳ сол кор мекунем ва дар ин мӯҳлат дар соҳаи интиқолҳои ҳавоии санитарӣ мавқеи пешсафро ишғол кардаем. Барои фармоиш ба Шумо зарур аст, ки шакли махсуси дархостро дар сайти мо ҷойгир намоед, аммо вақте, ки сухан дар бораи авиатсияи тиббӣ меравад, хубтар аст бо менеҷер дар тамос шавед ё ҳолати худро ба тариқи хаттӣ дар равзанаи чат ҷойгир кунед. Барои ба Шумо пешниҳод намудани киштии ҳавоӣ ба мо зарур аст, ки маълумоти зеринро дастрас намоем:

– нуқтаҳои оғоз парвоз ва фурудгоҳ,Как заказать медицинский самолет в Париже

– сана ва вақти парвоз,

– метавонед фурудгоҳҳоро мушаххас намоед,

– ташхиси бемор ва вазъи саломатии ӯ,

– мақсади парвоз,

– теъдоди шахсони мушоаткунанда

Дархости Шуморо коркард намуда, менеҷер барои муайян кардани хусусиятҳо бо Шумо дар тамос мешавад. Дар ин маврид ӯ аллакай ба Шумо тамсилаи ҳавопаймо ва нархи парвозро ба ҳар ду тараф пешниҳод кунад. Парвози тиббӣ, асосан, бо ҳамроҳии духтур, ҳамшираи шафқат ва санитар, бо назардошти ташхиси бемор, мутахассиси зарурӣ пешкаш карда мешавад. Агар Шумо хоҳиши бо духтури шахсӣ ё гурӯҳи тиббӣ парвоз карданро дошта бошед, қаблан онро дар фармоиши дархот қайд намоед.

Авиатсияи тиббӣ дар Порис барои таъҷилан интиқол додани бемор ба макони таъинот ба Шумо кӯмак мерасонад. Чунин парвозҳо умуман бехатар мебошанд. Экипаж таҷрибаи бойи чунин парвозҳоро дошта, киштии ҳавоӣ бо таҷҳизоти пешбинӣ ва нигаҳдорӣ аз турбулентнокии ҷараёни ҳаво муҷаҳҳаз шудааст. Сарнишинон ҳавопайморо эҳтиёткорона ва ором идора намуда, онро аз ларзиш ва дигар ҳолатҳои нохуш эмин нигоҳ медоранд. Бо мавҷудияти зарурият ва агар ба бемор ҳаракат кардан манъ бошад, дар ҷойи бистарӣ беҳаракатии ӯро таъмин менамоем.

 

Хизматрасониҳои AVIAV TM (Cofrance SARL)

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳамаи хизматрасониҳои зарурӣ ва иловагиро мерасонад:

    • тамсилаи киштии ҳавоӣ ба ҳолати Шумо мувофиқро дарёфт мекунем,

Как заказать медицинский самолет в Париже

  • интиқол дар автомобили муҷаҳазшудаи махсуси тиббӣ дар нуқтаҳои оғоз ва интиҳои парвозро пешкаш менамоем,
  • барои бастани шартнома бо беморхона оиди муолиҷа кӯмак мерасонем,
  • бо раводид ва суғурта ҳамаи мусофиронро таъмин менамоем,
  • ҳамроҳии мутахассисони заруриро, аз як духтур оғоз карда то гурӯҳии ёрии тиббӣ, дар баъзан маврид, таъмин менамоем,
  • агар зарур бошад, дар меҳмонхона барои шахсони мушоиаткунанда ҳуҷра фармоиш медиҳем,
  • бо мавҷудияти зарурият бо тарҷумон таъмин мекунем,
  • барои ҳалли ҳамаи масъалаҳо дар Фаронса ё дигар кишваре, ки парвоз доред кӯмак мерасонем.

Мо дар Аврупо солҳои тӯлонӣ фаъъолият дошта бо шарикони боэътимод дар тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ дорем.

 

Боз дар кадом вазъият хатсайри тиббӣ зарур аст

Как заказать медицинский самолет в ПарижеБаъзан ҳолати фоҷеаовар ба вуқӯъ мепайвандад, ки зарур аст на бемор, балки тобути ӯро ба макони дафн интиқол дода шавад. Мо омода ҳастем киштии ҳавоии мувофиқро пешниҳод намуда ба дӯши худ ҳамаи маросими дафнро гирем ва барои наздикон ва пайвандон имконияти фароҳам ва вазъи ором дар гусели марҳум ба роҳи охиратро пешкаш намоем. Дар ин маврид ҳамеша таъҷилият зарур аст. Авиатсияи санитарӣ дар Порис ба Шумо имконияти ба тезӣ интиқоли тобути марҳум ва бо эҳтиром ба хок супоридани онро пешкаш менамояд.

Хатсайри махсус дар дигар ҳолатҳо ҳам зарур мешавад. Масалан, ҳомиладорон барои таваллуд ба Фаронса, аз Фаронса ба дигар кишварҳои Аврупо парвоз мекунанд. Ягон ширкати ҳавоӣ ҳомиладори мӯҳлаташ буд шударо ба канори ҳавопаймо намегирад, сафар бо автомобил вақти зиёдро мегирад ва хатарнок аст. Ҳавопаймои хусусӣ дар ин маврид – ҳалли комил аст ва кӯмаки духтури ботаҷриба имконияти бе ҳиссиёти манфӣ ва ҳаяҷон таъҷилан ба таваллудхона расиданро дорад.

Баъзан, шахси солхӯрда ё гурӯҳи калонсолон ба сайёҳат мераванд. Хатсайри муқаррарӣ барои онҳо хастакунанда буда, барасмиятдарориҳои фурудгоҳ қувва ва вақти зиёдро мегирад.

Авиатсияи тиббӣ дар Порис аз AVIAV TM (Cofrance SARL) ҳамаи ин масъъалаҳоро ба осонӣ ҳаллу фасл мекунад. Дар фурудгоҳ ҳамагӣ чанд дақиқа гузаронида, якбора ба курорт ё маркази эҳъё парвоз мекунед. Бо мо сафари Шумо осон ва қулай аст!